Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:21

Русия барои Тоҷикистон гузашт мекунад. Ин дафъа 30 доллар

20 июл 2012, 06:38

Интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон сар аз 1-уми август зимни содироти як тонна бензин аз Русия 302 доллари амрикоӣ боҷи содиротӣ месупоранд, ки дар муқоиса бо нишондоди моҳи ҷорӣ 30 доллар арзонтар аст.

Тибқи ҳисобҳои Вазорати молияи Русия боҷи содиротӣ барои бензин аз 332 то 302 доллар ва барои маҳсулоти рушани нафтии дигар аз 243 то 222 доллари амрикоӣ арзонтар хоҳад шуд. Сабаби асосии арзон шудани боҷи содиротӣ ба  поёнравии нархи нафт дар ҷаҳон рабт дода мешавад. Нархи нафт аз 15-уми июн то 15-уми июл ба ҳисоби миёна 95 доллари амрикоиро ташкил додаст.
Аммо рӯзҳои охир бозори нафти ҷаҳонро боз раванди болоравии нарх фаро гирифтаст. Имрӯз нархи як бушка нефт то 107 доллари амрикоӣ боло рафт. Дар сурати идомаи раванди мазкур дар назар аст, ки аз моҳи сентябр Русия боҷи содиротиашро боз баланд кунад.
Ҳаҷми боҷи содиротии Русия яке аз омилҳои ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, вобаста ба коҳишу афзоиши ҳаҷми боҷ нархҳо ҳам пасту баланд мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!