Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:09

Меҳмони навбатии Хабаргузории Озодагон Давлатов Нусратулло Муқимович, райиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

20 июл 2012, 08:12

Муаррифӣ: Нусратулло Давлатов соли 1962 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, хатмкардаи факултаи иқтисодии ДМТ (1982) аст. Соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро ба итмом расонид.

Фаъолияти меҳнатиро ба симмати ревизор-назоратчии шӯъбаи молияи ҳукумати ноҳия оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои гуногун дар минтақаи Кӯлобу шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд  кор кардааст.
Соли 2006 муовини аввали райис, соли 2009 бошад, ба вазифаи райиси Кумитаи андози назди ҲҶТ таъин гардида, то ин замон фаъолият дорад.
Хонандагони азиз ва муштариёни гиромӣ! Агар дар мавриди андозу андозситонӣ, мушкилотҳои марбут ба он, муносибати кормандони ин мақомот саволу дархост дошта бошед, онро бевосита ба раҳбари ин ниҳод ирсол намоед. Нусратулло Давлатов омодааст, ки дар ҳамин ҷо, дар бахши «Рӯ ба рӯ» ба дилхоҳ пурсиши Шумо посух бигӯяд.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!