Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Генерал Абдулло Назаров дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд

23 июл 2012, 02:53

Ҷанозаи сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВАБК рӯзи гузашта (22-юми июл), дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ҷиликӯл баргузор шуд.

Маврид ба ёдоварист, генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич, рўзи 21 июли соли ҷорӣ, соати 17.30 дақиқа, ҳангоми бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ   бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи тамоку сарукор доштанд, ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуд.
Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КДАМ зимни тавзеҳи ин хабар гуфт, куштор ба фаъолияти хизматии генерал робитаи мустақим дорад.
Ба қавли манбаъ, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ давом доранд.
Аз идора: Абдулло Назаров корманди ҳирфаии КДАМ буда, дар мақомоти мазкур содиқона хидмат кардааст. Марҳум то соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва пеш аз он сардори раёсати ин кумита дар вилояти Суғд буд.
Дар моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон Абдулло Назаровро бо он  айбдор кард, ки ба бародар ва дигар наздикони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар Бадахшон сарпаноҳ додааст. Вале генерали тоҷик он вақт бо пахши як изҳорот иттиҳомотро рад карда, онро бепоя хонд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!