Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Н.Давлатов: «Барқи тоҷик» калонтарин қарздор аз андоз аст

23 июл 2012, 09:17

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди нисбатан беҳтар шудани андозсупории ширкати «Барқи тоҷик» ин корхона ҳамоно калонтарин қарздор аз андоз дар Тоҷикистон аст.

Давлатов ба ҳолати аввали моҳи ҷорӣ ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» ро аз андоз 379 миллион сомонӣ гуфт, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 69 миллион сомонӣ зиёд шудаст.
Дар маҷмӯъ раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки раванди андозсупории ширкат беҳтар шудаст:«Имсол ба ҳисоби миёна моҳе 13,4 миллион сомонӣ андоз супорид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёдтар аст».
Аз ҷумлаи қарздорони калони дигар,  масъулини андоз нерӯгоҳи «Сангтӯда -1» - ро номбар намуданд, ки дар назди буҷет 46  миллион сомонӣ қарздор аст.
Дар маҷмӯъ Давлатов мегӯяд ҳаҷми қарздорӣ аз андоз ба ҳолати аввали моҳи ҷорӣ 602,2 миллион сомониро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо оғози сол 70,4 миллион сомонӣ зиёд шудаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!