Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:20

73 масъули сохторҳои қудратии кишвар даст ба ҷиноят задаанд

24 июл 2012, 05:57

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъзан ба қонуншиканиҳои гуногун, аз ҷумла ба азобу шиканҷаи шаҳрвандон даст мезананд.

Шерхон Салимзодаи Одина, прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи аввали соли равон дар ин маврид аз ҷониби шаҳрвандон (шиканҷа) 17 ариза ва шикоят ворид гардидааст, ки дар 4 ҳолат аризаҳо тасдиқи худро ёфтаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ оиди ҷойдоштани шиканҷа ва дигар оқибатҳои вазнин оғоз гардидааст: «Аз инҳо ду парвандаи ҷиноятӣ аллакай бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шуд ва ду парванда мавриди тафтишот қарор дорад».

Додситони кулл илова намуд, ки имсол нисбати  73 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуд, ки онҳоро тафтиш намуда, бо ҳукуми суд маҳкум гардидаанд, ки аз онҳо ба ҳарбиён 43 нафар, кормандони Вазорати корҳои дохила 25 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 3, кормандони прокуратура 2, Агентии нназорати маводи нашадор 1 нафар рост меояд.

Ба қавли Шерхон Салимзода, мақомоти прокуратура ташкили назорати тафтишотро бо 16 ҳазору 259 парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар истеҳсолоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, таъмин намуда, 4 ҳазору 167 ададашро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол кард: «Аз ин миқдор 1233 парванда ба мақомоти прокуратура таллуқ дорад, ки ба судҳо ирсол гардида, бо ин парвандаҳои ҷиноятӣ зарар ба маблағи 21 906 4167 сомонӣ ва 1800 доллари ИМА муқарар карда шудаааст».

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!