Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:38

Захмиёнро аз Хоруғ ба Душанбе оварданд. Амалиёт идома дорад

24 июл 2012, 10:55

Дар ҳоли ҳозир ба муоинаи захмиён машғулем, тайи се соат беш аз 10 низомии ҷароҳатбардоштаро оварданд.

Аснои сӯҳбат бо Озодагон як пизишк, ки аз ифшои номаш худдорӣ мешавад, дар беморхонаи мавсум ба Қарияи Боло гуфт: «Аз соати 12-и имрӯз ба маркази миллии табобат овардани захмиён аз шаҳри Хоруғ сар шуд. Онҳоро тариқи чархбол аз Бадахшон меоранд ва дар бозгашт аз ин ҷо шояд неруи изофаи низомӣ мебаранд».

Ҳамзамон, дар фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ ҳолати фуруд омадан ва ба ҳаво хестани чархболҳои низомӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, тахмин зада мешавад, ки ин ба ҳодисаи амалиёти низомӣ дар Хоруғ рабт дорад.

Ёдрас менамоем, дар амалиёти махсус, ки алъон алайҳи Толиб Айёмбеков ва гурӯҳи ӯ дар Хоруғ идома дорад, 9 нафар низомиёни мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 25 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.Ҷониби дигар низ талафоти ҷонӣ додааст, аммо шумораи он дақиқ нест. Дар ин бора як  шоҳиди айнӣ тариқи телефони моҳвораӣ (спутниковий связ) ба бахши русии ВВС иттилоъ додааст.

Айни замон амалиёти муштараки ВКД, ВМ ва КДАМ-у ва ОМОН алайҳи қотилони генерал Абдулло Назаров дар Хоруғ идома дорад


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!