Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

Синфи миёна дар Тоҷикистон 35 % аст

25 июл 2012, 07:48

Аз рӯи ҳисоботҳои пешкаии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар имсол дар Тоҷикистон табақаи миёнаи аҳолӣ 35%-ро ташкил хоҳад дод, ки 19 %-и он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониянд.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз, 25-уми июл зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки таҳқиқот ҷиҳати муайян намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад, бино бар ин феълан маълум нест, ки кадом қишр дорои кадом хусусиятҳои мушаххасанд. Вай илова кард: «Бо такя ба сатҳи зиндагии аҳолӣ аз рӯи таҳлили Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2009 маълум гашт, ки ҳисоб кардани табақаи миёна дар ҳар давлат гуногун аст. Масалан, дар Қазоқистон аз рӯи доштани як хона,  мошини сатҳи "bussines class" ва доштани пасандоз дар суратҳисоб ин синфро муайян мекунанд».
Номбурда қайд кард, ки усули баҳодиҳӣ меъёри ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ дорад. Ба қавли Умед Давлатзод, синфи миёна 35 фоизро дар Тоҷикистон ташкил мекунад, зеро 40 дарсади аҳолӣ камбизоат буда, 28 дарасади дигар табақаи осебпазир мебошанд ва онҳо метавонанд ҳар лаҳза дар домани фақр афтанд ва ё  метавонанд табақи миёнаи аҳолиро ташкил диҳанд: «19 фоизи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ онҳоеанд, ки як миқдор пасандоз дар бонк доранду даромадашон хароҷоти зарурияшонро мепӯшонад ва бар замми ин фирмаи шахсӣ ва як манбаи иловагии даромадро доро мебошанд».  Ба гуфтаи номбурда  35 фоизи синфи миёна тахминӣ  буда, як таҳқиқоти фарохе барои баҳодиҳӣ оид ба ин мавзӯъ ҳанӯз гузаронида нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!