Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:54

Ронандаҳо шабона роҳбандӣ кардаанд

8 июн 2011, 10:56

Теъдоди зиёде аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Минск алайҳи болоравии арзиши бензин аксияи аҷибе роҳандозӣ карданд.

Ин аксия «Стоп-бензин» ном дошта, ронандаҳо мошинҳои худро дар роҳи марказии пойтахти Белорус нигоҳ доштанд. Сарнишинони худравҳо яке болопӯши муҳаррик, дигари зарфи сӯзишворӣ дар даст ва саввумӣ сарпӯши зарфи сӯзишвории мошинҳоро кушода садо сар медоданд, ки бензин надоранд. Дар натиҷаи ин аксия роҳ  банд шуд ва нозирон маҷбур шуданд, ҷиҳати таъмини ҳаракат аз нақлиёти эвакуатор истифода баранд. Аммо ба кормандони БДА ин чиз муяссар нагардид, зеро бо сабаби набудани роҳи озод эвакуатор ҳатто як мошинро ҳам аз ҷо бе ҷо карда натавонист.

Ҳамин тавр, аксияи «Стоп-бензин» дар Минск то субҳи имрӯз идома ёфт.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!