Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Ба ДДТТ то имрӯз 2830 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Нақшаи қабул ҳамагӣ 1210 аст

26 июл 2012, 08:53

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 560 ҷойи буҷавӣ барои довталабон ҷудо карда шудааст.

Убайдулло Қурбонов, ректори ин муассисаи таҳсилоти олӣ мегӯяд, ҳамасола 540 ҷой мавҷуд буд, аммо имсол 20-тои дигар аз ҳисоби гурӯҳи шартномавӣ изофа гардид: «Канӣ он довталаби босаводу дониш ва боғайрат, ки омада ҳуҷҷат супораду таҳсил кунад?»  
Ба гуфтаи Убайдулло Қурбонов мувофиқи нақшаи қабул 1210 донишҷӯ  қабул карда мешавад, ки аз ин миқдор, 560 ҷойи буҷавӣ ва 640 ҷойи шартномавӣ мебошад.
Гуфта мешавад, аз ин 150 ҷойяш барои мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.
Қурбонов афзуд: «Ин  ҳам ифтихори донишгоҳ мебошад, ки зиёда аз 500 нафар  шахсони хориҷӣ аз 15 мамлакати дунё мебошад»
Ба ҷойҳои муқарраршуда то 25-уми июли соли равон ба Комиссияи қабули донишгоҳ 2830 нафар ҳуҷҷат супориданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!