Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:04

Қарзи барқи аҳолӣ ва корхонаҳо беш аз 760 миллионро ташкил медиҳад

27 июл 2012, 04:07

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, раванди пардохти ҳаққи барқ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон беҳтар шудаст.

Ба иттилои Ёров, аҳолӣ маблағи 85,1 фоизи барқи гирифтаашонро пардохт кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин Ёров афзуд, ки таи шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзи аҳолӣ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» 28 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба ҳолати аввали моҳи июл 315 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил додаст. Мувофиқи маълумоти фаврии «Барқи тоҷик»  қарзи корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ таи нимсолаи аввал 146 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, умуман ба 767,6 миллион сомонӣ баробар шудаст.
Дар маҷмӯъ,  Ёров таъкид кард, ки ҳанӯз ҳам маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби истифодабарандагон саривақт ва пурра пардохт намешавад, ки ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ расонда, дар натиҷа ба саривақт гузарондани корҳои таъмирию барқарорсозӣ монеъа мешаванд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!