Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Миллӣ дар Душанбе оғоз гардид

9 июн 2011, 04:38

Таҳти раёсати райиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Миллӣ сурат пазируфт.

Дар ҷаласа 37 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима аъзоёни Шӯро қарор гирифт. Шафкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Миллӣ дар ин бора ба хабарнигории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, аъзои Шӯро 7 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи амният», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи Бонки Миллии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо ҷонибдории лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номҳои деҳоти «Янгиобод», деҳоти «Роҳи Ленин» ва деҳоти «Оқгаза»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон», «Оид ба Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои матраҳгардида, ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз - 9-уми июн баргузор мегардад, шомил намуданд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!