Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:11

Футбол: Регар-Тадаз дар ҷои аввал. Гвардия аз ҳама охир

30 июл 2012, 05:51

Давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.

Тими «Регар-ТадАЗ» бо 32 имтиёз ғолиби давра аввал гардида, охирин бозии мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Вахш»- «Гвардия» сурат гирифт. Ин бозии мавқуфмондаи даври 13-ум буд, ки рӯзи 28-уми июл, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардида, бо ҳисоби калони 4:1 ба фоидаи «Вахш» ба анҷом ёфт.

Ин пирӯзи ба дастаи «Вахш» имкон дод, ки  ба шумораи холҳояш се имтиёзи дигар зам намуда дар ҷадвали мусобиқот бо 19 имтиёз ба ҷои панҷум барояд. Тими «Гвардия» бошад бо се имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Ҳамин тариқ давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Тими «Регар-ТадАЗ» бо 32 имтиёз ғолиби давра аввал гардид. Дастаи «Равшан» бо 31 имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд. Дастаи «Истиқлол» бо 26 имтиёз зинаи сеюмро касб кард.


Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар-ТадАЗ»

12

10

2

0

33-9

32

2.

«Равшан»

12

10

1

1

18-5

31

3.

«Истиқлол»

12

8

2

2

28-8

26

4.

«Хайр»

12

6

3

3

21-18

21

5.

«Вахш»

12

6

1

5

17-8

19

6.

«Парвоз»

12

5

2

5

27-18

17

7.

«Хуҷанд»

12

5

1

6

18-18

16

8.

ССКА«Помир»

12

4

4

4

11-14

16

9.

«Истаравшан»

12

4

2

6

18-24

14

10.

«Энергетик»

12

3

4

5

17-17

13

11.

«Ҳосилот»

12

2

1

9

12-31

7

12.

«Зарафшон»

12

1

3

8

14-37

6

13.

«Гвардия»

12

1

0

11

8-35

3

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!