Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:20

Раиси «Барқи тоҷик»: Хоҳишманди болотар бурдани нархи барқ ҳастам

30 июл 2012, 09:14

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» харидории барқро аз нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2, ки якумӣ ба Русия ва дуюмӣ ба Эрон тааллуқ дорад, зараровар гуфт.

Ба қавли Ёров аз ин нерӯгоҳҳо барқро бо нархҳои хеле қиммат харидорӣ намуда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ қисме аз барқи харидаи нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2 зимни интиқол ва фурӯш талафоти техникию тиҷоратӣ меёбад, ки зарари «Барқи тоҷик»-ро дучанд мекунад: «Мо ҳар килловат барқи «Сангтӯда-1»-ро зимни истеҳсол дар чарха 11 дирамӣ мехарем. Бо назардошти 14 фоизи талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ, ки ҳудуди 10 фоиз аст, ҳар дирами ин нерӯгоҳ то 15 дирам меғалтад. Барқи «Сангтӯда-2»-ро  бо нархи 16 дирам мехарем, ки бо назардошти талафоти техникию тиҷоратӣ хеле қимматтар меғалтад».
Ин дар ҳолест, ки худи «Барқи тоҷик» барқи аз ин нерӯгоҳҳо харидаро ба муштариёнаш арзонтар мефурӯшад.
Тибқи нархномаи нав, аз аввали апрел як киловатт  барқ барои муштариёни саноатию ғайрисаноатии кишвар 26,63 дирам, муштариёни соҳаи буҷавӣ - коммуналӣ, нақлиёти барқӣ ва марказҳои варзишӣ 10,63 дирам, барои бахши хоҷагии обу обёрикунӣ 1,88 дирам муайян шудаст. Истифодаи як киловат барқ дар буғхонаҳои давлат 19,5 дирам ва бахши хусусӣ 65,88 дирам нархгузорӣ гардидааст.
Раиси «Барқи тоҷик» гуфт, хоҳишманди болотар бурдани нархи барқ аст, аммо ин кор ояндаи наздик дар назар нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдурахмон

  • 27 ноябр 2014 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
У мошиное ки шумо дорен хич вакт борки точик ай карз намеброя агар як киловата 100 дирамхам кунед бо патерияша намиёвен

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!