Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Суғд: Кашфу боздошт ҳероин дар сумкачаи занона

31 июл 2012, 11:11

Аснои баргузории як амалиёти вижа аз сӯи корман6дони милиса бонуи 31-сола дар шаҳри Истаравшан боздошт гардид.

Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РВКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд,  аснои кофтукови шахсӣ аз  сумкачаи  занонаи дар дасти ӯ буда, як баста бо маводи хокамонанди сафедчатоб дарёфт ва мусодира карда шудааст.Мувофиқи маълумоти мақомоти марбута  маводи мазкур навъи ҳероин буда, вазни хосаш 710 грамро ташкил медиҳад.
Оиди ин ҳодиса  нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 3 ( муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!