Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:04

Ду варзишгари тоҷик дар «London-2012» сабқат доранд. Имрӯз

1 август 2012, 07:57

Дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, имрӯз, 1-уми август, ду варзишгари тоҷик,  дар ду риштаи варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд.

Парвиз Собирови 32 сола, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба дзю-до ва барандаи роҳати Бозиҳои олимпии Лондон-2012, дар риштаи дзюдо дар даври 1/16-ниҳоӣ дар вазни то 91 кило бо Мелони Робертои итолиёвӣ қувваозмоӣ мекунад.
Ҳамчунин, варзишгари дигари тоҷик, Анвар Юнусов, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс,  дар ринг дар вазни 56 кило бо Оскар Валдеси мексикоӣ рақобат хоҳад кард.
Ёдрас менамоем, ки пас аз гузашти чор рӯзи мусобиқот, варзишгарони 43 кишвар барандаи медалҳои олимпӣ шуданд. Феълан, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷумҳурии халқии Чин бо 23 медал (13 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ 23 медал (9 тилло, 8 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми дуюмро касб кардаанд. Мунтахаби Фаронса бошад 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони 20 кишвар дар чор рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон сазовор шудаанд. Чин 13 медали тилло, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 9, Фаронса 4, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон 3, Италия, Олмон, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) 2, Ҷопон, Австралия, Руминия, Бразилия, Маҷористон, Нидерланд, Украина, Гурҷистон, Литва ва Словения 1 медали тиллоии мусобиқотро соҳиб шудаанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!