Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

КВД «Гӯшту шир»-и Душанбе: Нақша барзиёд иҷро гардид

9 июн 2011, 05:26

Корхонаи «Комбинати гӯшту шир»-и шаҳри Душанбе нақшаи иҷрои ӯҳдадориҳояшро барзиёд таъмин кардааст.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, ташкилоту корхонаҳои КВД «Гӯшту шир» аз аввали соли равон ба маблағи 10 миллиону 308 ҳазору 994 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Бино ба қавли манбаъ, чунин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 126,9 дарсад зиёд мебошад. Дар пешрафти кори соҳаи саноати гӯшту шир, корхонаҳои шаҳри Душанбе нақши асосиро иҷро мекунанд. Саттор Ғафуров, раиси КВД «Гӯшту шир» мегӯяд, дар ин дастовардҳо саҳми ҶСП «Комбинати шири Душанбе», «Комбинати гӯшту консерва»  ва ҶДММ «Фабрикаи шири «Саодат» назаррас мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!