Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Ҳамида Юнусова: Барои табобати писарам ба кӯмак ниёз дорам

2 август 2012, 08:48

«Писарам дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад. Аммо барои табобати ӯ маблағи кофӣ надорем. Ҳар лаҳза аҳволаш бадтар шуда истодааст. Ҳоло ҳайронем, ки чӣ кор кунем, то ӯро аз ин беморӣ наҷот диҳем». Ин ҳарфҳои модарест, ки бо далели фақирӣ дар илоҷи табобати фарзанди худ ночор мондааст.


Ҳамида Юнусова дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки аз харидани доруҳои зиёд зери қарз мондаанд. Ин модар ҳамакнун аз рӯи беилоҷӣ аз мардум кӯмак металабад. Ба қавли хонуми Юнусова писраш панҷ соли ахир дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва чанд муддат аст, ки бо иллати варам кардани гурадаҳояш маҷоли аз болин бархостанро надорад. «80 сомонӣ нафақа мегирам, ки ба чизе намерасад. Ба президент мактуб навишта кӯмак хостем, ҷавоб доданд, ки ин масъаларо Салимов мебинад. Назди он кас  рафтам, рақамҳои телефонамро гирифтанд, вале бо гузашти 25 рӯз дигар хабаре нест. Ҳеҷ кас кӯмак намекунад»,-мегӯяд Ҳамида Юнусова.
Зимнан, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» саҳифаи вижае боз шудааст, ки аз хонандаҳо даъват мешавад барои муолиҷаи фарзанди Ҳамида Юнусова дасти кӯмак дароз намоянд. То ин фурсат чанд нафар хоҳиши кӯмак кардааст. Афроде, ки мехоҳанд ба ин хонавода ёрӣ бидиҳанд метавонанд ба рақами 985554739 тамос бигиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!