Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

300 ҳазор $-и БИР дар Тоҷикистон насиби кӣ хоҳад шуд?

4 август 2012, 05:57

Бонки Исломии Рушд 11-умин мукофоти пулии худро дар соҳаи илм ва техника , ки аз 3 қисмат иборат буда, ҳар як мукофот аз 100 ҳазор доллар иборат аст, эълон намуд.

Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки бонки мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои таълимию тадқиқотӣ, ки дар тараққиёти илм ва техника, таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши ҳалкунанда доранд, шумораи навбатии мукофоти пулияшро ташкил намуд.
Гуфта мешавад, ҳадяи хотиравӣ ва сертификати Бонки Исломии Рушд ба барандагони (Донишгоҳ, Пажўҳишгоҳ, Муассисаҳои тадқиқотӣ ва ғ ) мукофот барои хизмати шоён дар самтҳои зерин тақдим карда мешаванд: 1.Саҳми бузург дар соҳаи илм ва техника ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳои аъзои Бонки Исломии Рушд (Тоҷикистон), 2. Саҳми бузург дар такмили илмҳои муҳандисӣ, тиб, кишоварзӣ, биотехнология, информатика, оптоэлектроника, материяшиносӣ, фармасевтика, микроэлектроникаи саноат, нанотехнология ва манбаъҳои нерўҳои алтернативӣ, 3. Институтҳои намоёни тадқиқоти илмии давлатҳои рў ба тараққии узви Бонки Исломии Рушд.  
Маросими мукофотсупорӣ барои дастовардҳои дар боло зикршуда дар шаҳри Душанбе 21-22 майи соли 2013 ҳангоми гузаронидани ҷаласаи 38-ум Шўрои Мудирони Бонки Исломии Рушд ба нақша гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандон метавонанд, дастовардҳои беназири худро дар самтҳои мазкур то санаи 15 октябри соли 2012 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон – Дафтари Мудири Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!