Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:55

Бозгашти хонандаи «Ҳотам ва ПВ» аз ИМА бо нишони тилло

4 август 2012, 07:02

Дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар байни 78 давлати дунё ва 250 нафар толибилмони ҷаҳон барои ҷой якум аз фанни кимиё мубориза бурда, намояндаи Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст овард.


Ин олимпиада дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат пазируфт. Маҳмудхон Шоев, сухангуйи Вазорати маориф зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, олимпиада аз 21-ум то 30-юми июли соли равон доир гардида, дар он  намаояндагони 78 давлати ҷаҳон ширкат доштанд. Дар ин  олимпиадаи байналмилалӣ Тоҷикистонро  4 нафар хонандагони литсейҳои тоҷикию туркии кишвар ва гимназия-интернати русию тоҷикии «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ карданд. Дар олимпиадаи мазкур аз 4 нафар намояндагони Тоҷикисон яке соҳиби медали тилло ва 2 нафари дигар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Улуғбек Баротов, хонандаи гимназияи «Ҳотам ва ПВ» якумин нафарест,  дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барандаи медали тиллои олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё шудааст.










Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!