Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Қувваозмоии Мавзуна Чориева бо варзишгари чинӣ дар Лондон

6 август 2012, 08:23

Имрӯз, 6-уми август Мавзуна Чориева дар сабқати бокс дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Ченг Донг, варзишгари чинӣ ба ринг мебарояд.

Рақобат миёни ин ду варзишгар соати 18:45 бо вақти Душанбе оғоз мешавад. Ченг Донг дирӯз дар даври ҳаштякниҳоӣ ба рақибаш Микаэла Лакатуси маҷористонӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 10:5 ғолиб омад. Владислава Овчаренко низ шоми имрӯз миёни занон дар давидан ба масофаи 200 метр рақобат намуда Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Аз рӯи натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 61 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ эълон шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин, ки як зина поён фаромада буд, бо касби 61 медал- 30 тилло, 17 нуқра ва 14 биринҷӣ боз ба ҷойи аввал баромад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 60 медал – 28 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ  мақоми дуюмро касб кард. Бритониёи Кабир бо касби 37 медал – 16 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ дар зинаи сеюм ҷойгир аст. Дар маҷмӯъ варзишгарони 36 кишвар дар нӯҳ рӯзи мусобиқот унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондонро соҳиб шуданд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Бритониёи Кабир, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 10 медали тилло, Фаронса 8 нишони тилло, Италия ва Қазоқистон 6-тоӣ медали тилло, Олмон 5 нишони тилло, Русия, Маҷористон ва Кореяи Шимолӣ 4 медалии тилло, Нидерланд, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав  ҳар кадоме 3 медалии тилло, Ҷопон, Руминия, Дания, Беларус, Куба, Лаҳистон, Ямайка, Украина ва Эфиопия 2 медалии тилло, Австралия,  Канада, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Кения, Бразилия,  Словения, Хорватия, Швейтсария, Эрон, Литва, Венесуэла ва Гурҷистон яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.
То имрӯз ҳашт варзишгари тоҷик дар бозиҳои олимпии Лондон ҳунарнамоӣ карданд. Сергей Бабиков (тирандоз), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов (бокс), Расул Боқиев, Парвиз Собиров (дзюдо), Катерина Измайлова (шиноварӣ) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ). Варзишгарони тоҷик то имрӯз  ягон нишони ин мусобиқотро ба даст наоварданд. Боз ҳашт намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Лондон қувва ҳоханд озмуд: Мавзуна Чориева (муштзанӣ), Владислава Овчаренко (варзиши сабук), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов (таэквон-до), Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам (гуштии тарзи озод).





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!