Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 14:06

Ховалинг: Корхонаҳои тавлиди тилло сокинони таҳҷоиро ба кор намегиранд

6 август 2012, 11:51

Зимни як сафари корӣ ба мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҷумҳурӣ,  таъкид аз он намуда буд, то баҳри ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардуми кӯҳистон, шумораи коргаронро дар корхонаҳои коркарди тилло аз шумораи сокинони маҳаллӣ зиёд бояд кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг, дар ҳоли ҳозир дар 6 корхонаи коркарди тилло дар ин мавзеъ зиёда аз 1200 нафар коргарон ба кор фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора, 50 фоизашро мардуми бумӣ ташкил медодааст: «Рӯзҳои наздик  дар корхонаи казонии давлатии «Тиллои тоҷик»  қитъаи нави корӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки тибқи нақшаи пешакӣ беш аз 200 нафар коргари дигарро фарогир мешавад. Дар назар аст, ки ҳамаи ин коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шаванд».
Бино ба иттилои манбаъ, музди миёнаи маоши коргарон дар ин корхонаҳо то 1500 сомониро ташкил медиҳад. Аммо сокинони ноҳия шикоят аз он доранд, ки дар корхонаҳои мазкур бо сабабҳои гуногун,  мардуми таҳҷоиро тақрибан ба кор намегиранд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!