Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:55

«Барқи тоҷик» бояд товони зарар диҳад. Ба зарардида

7 август 2012, 06:31

Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони кишвар дар сурати бе огоҳӣ қатъ шудани интиқоли барқ ҳақ доранд, аз «Барқи тоҷик» товони зарари моддию маънавӣ талаб намоянд.

Ҳоло тобистон аст ва маҳсулоти даруни яхдон дар сурати набудани барқ зуд вайрон мешаванд: « Истеъмолкунандагони барқ ҳақ доранд, товони ин ва дигар зарарҳои моддию маънавиашонро аз «Барқи тоҷик» талаб намоянд. Ба мо муроҷиат кунанд, мо тариқи судӣ ё дар марҳилаи пешазсудӣ зарари дидаи истеъмолкунандагонро аз ҷониби ҷавобгар мерӯёнем».
Ҳабибов таъкид мекунад, ки сохтори таъминкунандаи барқ ӯҳдадор аст, пеш аз қатъкунӣ истеъмолкунандаро огоҳ намояд ва он бояд тариқи розигии тарафайн дар доираи қонун сурат гирад. Масъулини Иттифои истеъмолгарон мегӯянд:  
«Тибқи қонунгузорӣ бе созиш бо муштар қатъи интиқоли барқ танҳо дар ҳолатҳои фаврие иҷозат аст, ки барои пешгирии садама ё бартараф кардани оқибатҳои садама бошад. Дар ин сурат ҳам муштарӣ бояд бетаъхир аз вазъи ба вуқуъомада огоҳ карда шавад».
Раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар сурати ворид шудани шикоятҳо оиди беасос қатъ намудани интиқоли барқ, ҳатман тариқи пешазсудӣ ё судӣ ҷуброни зарари шаҳрвандонро аз «Барқи тоҷик» мерӯёнанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!