Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:42

Русҳо узви “Ал Қойида?!”. Аҷиб аст

8 август 2012, 05:33

Пулиси Испаниё 3 нафар террористонро даст гирифтааст, ки ба гурӯҳи “Лашкари Тойиба”, ки як шохаи “Ал Қойида” дониста мешавад, шомил будаанд.

Муқаррар карда шудааст, ки 2 нафари инҳо шаҳравандони Русия будаанд.Бино ба маълумоти тафтишот, ин 3 нафар барои омодасозиву роҳандозии амалоти даҳшатафканӣ дар ҳудуди Испаниё ва дигар малоики аврупоӣ муттаҳам мешаванд. Пулис дар манозили зисти ин нафарон маводи тарканда пайдо кардааст.Террористони  гумонбар аз гӯшаҳои гуногуни Испаниё боздошт шудаанд. Ду нафарашро дар сарҳад бо Фаронса ва саввумиро дар манзили зисташ даст гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ҳар сеи инҳо даро бошгоҳҳои террористии Афғонистону Покистон дарс омӯхтаанд ва якеаш мутахассиси варзидаи абзори тарканда ва заҳрҳо будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!