Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:19

Кӯлоб: Фаъолияти бефаъолиятӣ дар Фархор

8 август 2012, 05:41

Кормандони нозироти андози ноҳияи Фархор дар нимсолаи соли равон нақшаи андози давлатиро ба миқдори 101 фисад иҷро кардаанд.

Қурбонбой Каримов, раиси ноҳия аз ҷамъоварии андози давлатӣ ба ин шева қаноатманд  аст. Ӯ, ки дар ҳузури журналистон сӯҳбат мекард, афзуд: «Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 1 милёну 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намудаанд».
Гуфтанист, 1 фоизи аз нақша зиёд ҷамъ овардаи андози давлатӣ ва даромад ба буҷаи маҳаллӣ ҳамагӣ каме бештар аз 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси ноҳия, ҳанӯз бақияпулӣ ва ё қарз аз андози давлатӣ дар ноҳия зиёда аз 2,5-милён сомонӣ боқӣ мондааст.  Гузашта аз ин, ноҳияи Фархор наздик ба 70 фисад дар дотатсия, ё худ дастгири  ҳукумати марказӣ будааст.  
Бо инчунин фаъолияти бефаъолиятӣ, гумон меравад Фархор боз чандин даҳсолаи дигар дар дастнигарӣ боқӣ монда, рушди ноҳия ва баланд гаштани сатҳи зиндагии сокинонаш ба гумон аст  




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!