Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

«Барқи тоҷик» 25% энергияи Тоҷикистонро талаф додаст

8 август 2012, 11:51

Ин ширкат чоряк фисади барқро, ки тайи моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст, талаф додаст.

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» эътироф дорад, ки тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 миллиарду 243 миллион кВт/соат талаф ёфт, ки 14,7 фоизи барқи интиқолшударо ташкил медиҳад. Вай инро талафоти технологӣ мегӯяд. Ин миқдори барқи дар нимсола талафёфта, метавонист тамоми ҷумҳуриро як моҳ пурра бо барқ таъмин намояд.
Ин дар ҳолест, ки дар баробари талафоти технологӣ ба гуфтаи худи Абдулло Ёров инчунин талафоти тиҷоратӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 10 фоизро ташкил медиҳад. Ёров фаҳмонд:«Талафоти тиҷоратӣ, он маблағҳое, ки мо ҷамъоварӣ карда наметавонем 10 фоизро ташкил медиҳад».
Талафоти тиҷоратӣ дар ҳаҷми 10 фоиз ба замми талафоти технологӣ дар ҳаҷми 15 фоиз якҷоя 25 фоиз ё чоряки энергияи барқ айни ҳол дар Тоҷикистон барабас  рафта истодааст. Ин нишондоде, ки худи масъулини Барқи тоҷик эътироф мекунанд. Талафоти воқеӣ метавонад, аз ин бештар бошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!