Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

Ду садама дар шимоли кишвар ҷони ду ноболиғро гирифт

9 август 2012, 07:02

Дар вилояти Суғд бар асари ду сониҳаи нақлиётӣ ду ноболиғ ба ҳалокат расидааст.

Тавре ба хабарнигори Озодагон аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи сабукрави «Опел-Вектра» Фирдавс Қурбонов (соли таваллудаш 1985), сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, Мубин Сангинов, сокини деҳаи 40-солагии Дилварзро пахш кардааст. Бар асари ҷароҳатҳои вазнин ноболиғи 10 сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ,  рӯзи гузашта, 8-уми август сарнишини автомашинаи тамғаи «Зил-130» Муқим Қодиров (соли таваллудаш 1977), сокини ҷамоати деҳоти Овчи Калъачаи ноияи Бобоҷон Ғафуров аснои ҳаракат бо кӯчаи Авезов, дар рӯ ба рӯи манзили истиқоматии №40, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, Сумая Тоҳироваи 7 соларо зер кардааст. Ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!