Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо экологҳо розӣ нест

10 август 2012, 11:32

Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳои экологии кишвар, ки аз нияту нақшаҳои густариши истифодаи васеи ангишт дар Тоҷикистон истиқболи хуш надоранд, розӣ нест.

Намояндагони ташкилоти экологии «Замини хӯрд» 10 далелро пеш меорад, ки густариши истихроҷу истифодаи ангиштсанг дар Тоҷикистон боиси нигаронии онҳо шудааст. Аз ҷумла, омодагӣ ва фароҳам намудани инфрасохтор барои истихроҷи ангишт экосистемаро вайрон мекунад. Истифодаи он бошад, ба гуфтаи экологҳои «Замини хӯрд» ифлолсшавии сарчашмаҳои об ва партовҳои зарароварро ба атмосфера ба бор меорад. Тибқи маълумоти мавҷуда 40 фоизи гази гармхонаӣ ба ҳаво дар пайи истифодаи ангишт партофта мешавад.
Дар қатори паёмадҳои дигари манфии истихроҷи ангишт, намояндаҳои ташкилоти «Замини хӯрд» муҳоҷир шудани аҳолии муқимӣ, афзоиши обшавии пиряхҳо, густариши касалиҳои диққи нафасу саратони шушро ном мебаранд. Зиёда аз ин таҳлилгарони «Замини хӯрд» нисбатан арзон будани истифодаи ангиштро инкор карда, бо назардошти хисороти иҷтимоию экологӣ, истифодаи ангиштсангро дар тамоми ҷаҳон зараровар арзёбӣ мекунанд, ки дар баъзе кишварҳо аз ҷониби давлат рӯйпӯш мешавад.  
Аммо Талбак Салимов дар мавриди мухолифатҳо ба зидди истифодаи васеи ангишт дар ҳаёти мардуму истеҳсолот чунин гуфт: «70 фоизи Хитой, 60 фоизи энергетикаи Ҳиндустон ва Русия аз ангишт аст. Мо газ надорем, нафт надорем, ангишта истифода накунем, иқтисодиёту истеҳсолотамонро чӣ гуна пеш мебарем? Гушна гардем?».
Салимов таъкид кард, ки маҳз ба ҳамин далелҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳам лоиҳаҳоеро, ки дар онҳо истифодаи ангишт пешбинӣ шудаст, дастгирӣ мекунад: «Танҳо назорат бурдан лозим аст, ки партовҳо ба табиат то ҳадди имкон кам бошанд. Таҷҳизоти муосир дар корхонаҳо насб гарданд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!