Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Кӯлоб: Боздошти аграном бо 63кило маводи мухадир

13 август 2012, 09:16

Зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухадирот дарёфт ва мусодира карда шудааст.


Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар пайи амалиёти мазкур Қурбон Нуриддинови 53 сола, сокини деҳаи Асораки ноҳияи Шӯрообод, агрономи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шӯрообод ва Тоҷиддини 43 сола, сокини деҳаи Кишти ҳамин ноҳия, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 5-адад борхалта, ки дар дохилашон 63 килою 245 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд,  дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, татфиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!