Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:12

Қарори нави ҳукумат: Зимистон дигар ғайричашмдошт намеояд

13 август 2012, 09:30

Фармоиши нави ҳукумат имконияти мансабдоронро, ки камбудии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистонро айби ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ маънидод мекарданд, тангтар месозад.

Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, бо фармоиши ҳукумат дар кишвар минбаъд тавассути садою симо маълумот дар бораи обу ҳаво пурра, яъне ҳармоҳа, ҳарҳафтаина ва ҳарруза пахш мешавад. Номбурда гуфт: «Барои мисол охири моҳ фарз кардем, сербориш мешавад. Мардум бояд донад, ки ҳосил ғундорад ё на. Мардум бояд омодагӣ бинад, ки ҳадди аққал зарари ҷонӣ нашавад. Аз зарари иқтисодии офатҳои табиӣ касе дар амон нест, аммо тавассути иттилоотонӣ кӯшиш мекунем, ки зарар камтар шавад. Ба муқобили офатҳои табиӣ мубориза бурда намешавад. Онҳоро танҳо пешгӯӣ кардан ва бо ҳамин восита омода шудан мумкин аст».
Салимов мегӯяд, вақтҳои охир пешгӯиҳои обу ҳавошиносони Тоҷикистон аз 90 то 93 фоиз рост баромада истодааанд. Ба иттилои масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист айни ҳол мутахассисони тоҷик имкон доранд, танҳо обу ҳавои якмоҳаро пешгӯӣ намоянд ва вазъи боду ҳаворо дар моҳи август гарм арзёбӣ карданд. Масъулини обу ҳавои Тоҷикистон мегӯянд, зимистони сангини сипаришуда мардумро бедор кард ва аллакай суолҳо дар мавриди он ки зимистони оянда чӣ хел меояд, зиёданд: «Бино ба ин мо якҷоя бо мутахассисони Русия охири моҳи сентябр зимистони ояндаро таҳлил карда маълумотро оид ба боду ҳаво дар фасли сармои оянда пешниҳод мекунем».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!