Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Раиси вилояти Суғд ба Қирғизистон рафт

15 август 2012, 04:36

Қохир Расулзода дар доираи ҳамкориҳои дӯстона бо вилоятҳои ҳамсоякишвар ба он ҷо сафар кард.

Ин сафар бо даъвати роҳбарияти маъмурияти давлатӣ ба вилояти Бодкент сурат пазируфт. Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ин сафар Қоҳир Расулзодаро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Аснои боздид масоили марбут ба ҳаёти сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаҳои марзӣ ва робитаҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ёдрас менамоем, дар ҷаласаи охирини намояндагони байниҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки санаҳои  16-17 июни соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, ҳамкориҳои вилояти Суғд ва вилояти Бодкент ҳамчун намунаи ҳамкориҳои самаранок тавсиф гардида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!