Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

8 сониҳаи нақлиётӣ дар 1 рӯз. Ҳалокати 2 нафар

15 август 2012, 06:11

Рӯзи гузаштаи 14-уми август дар қаламрави кишвар 8 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар ин бора Муҳаммадшариф Шамсов, як масъули РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.Бино ба қавли манбаъ, садамаи якуми марговар соати 9-00 аз ҷониби ронандаи автомашинаи «Дэу-Ласетӣ» Сафаралӣ Қосимов ба миён омад, ки мунҷар ба марги пиёдагарди ноболиғ гардид: «Ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар километри 26-ум ронанда бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Абдуботи Зайниддинови 4-соларо пахш мекунад. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад».  
Соати 11-30 бошад, дар шаҳри Ваҳдат ронандаи автомошинаи ЗИЛ-ММЗ 4502 Меҳриддин Шобуддинов, аснои ҳаракат аз тарафи «Кони сайёд» ба самти шаҳри Ваҳдат дар роҳи ағбаи кони мазкур аз ӯҳдаи рондани воситаи нақлиёт набаромада ба ҷарии 200 метр чапа мешавад, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Гуфта мешавад, аз аввали сол то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ 766 садама ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 233 нафар ба ҳалокат расида, 835 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • самад

  • 2 ноябр 2014 09:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо нигох дорад.Омин

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!