Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

Гомҳои баланди Мурсӣ ба сӯи Эрон

15 август 2012, 10:00

Нашрияи амрикоии "Трампат" дар гузорише аз гомҳои муҳими Мурсӣ барои наздикӣ ба Эрон хабар дода ва эътилофи Мисру Эронро падидаи ваҳшатнок барои режими Исроил донистааст.


Ба гузориши хабаргузории Форс, Ричард Полимер дар гузорише, ки дар "Трампат" мунташир шуд таъкид кард: Вокуниши Миср ба ҳамла ба як пойгоҳи артиши ин кишвар дар шибҳи ҷазираи Сино ба нафъи равобити Мисру Исроил набудааст.Ихвон-ул-муслимини Миср, бузургтарин ҳизб дар порлумони ин кишвар Исроилро масъули ин ҳамла донист. Ихвон-ул-муслимин  дар вебсайти худ навишт, ки ин ҳамла метавонад ба Мусод марбут бошад.
Бинобарин гузориш, дар ҳамин шароит Муҳаммад Мурсӣ-Раиси ҷумҳури Миср дар ҳоли бардоштани гомҳое муҳим ба сӯи Эрон аст. Ҳамид Бақоӣ-муовини раиси ҷумҳури Эрон дар рӯзи 8-уми Август бо раиси ҷумҳури Миср дидор кард, дидоре, ки "Лос-анҷелес таймз" аз он ба унвони кудетои дипломатик ёд кардааст. Олен Гордон дар як ёддоште таҳлилӣ эътироф кардааст, ки Мисри ҷадид ба ҳаде нисбат ба ҳамкорӣ бо Исроил бетамоюл аст, ки ҳатто ба иттилооте, ки Исроил ба ин кишвар дар хусуси амнияти миллии Миср ҳам медиҳад, бе эътиност.

Бар асоси ин гузориш, вокуниши Муҳаммад Мурсӣ ба ҳамла ба неруҳои артиши ин кишвар дар шибҳи ҷазираи Сино низ нигаронкунанда будааст. Вай билофосила теъдоде аз мақомоти олирутбаи низомиро аз семати худ барканор кард, ки яке аз онҳо раиси дастгоҳи иттилооти Миср Мавод Мавофӣ буд.
Дар бахши дигаре аз ин гузориш омадааст, ки Исроил акнун дар хусуси амалиёти артиши Миср дар саҳрои Сино дар як вазъияти мубҳам қарор гирифтааст. Аз як сӯ агар ба ртиши Миср иҷозаи ҳузури бештар дар шибҳи ҷазираи Синоро надиҳад мумкин аст терористҳо ба Исроил зарба бизананд ва агар иҷозаи ҳузури бештар ба артиши Миср дода шавад, паймони сулҳи 1979 нақз шудааст ва Мисре, ки душмании бештаре бо Исроил аз худ нишон медиҳад неруҳои бештаре дар марзи Исроил(Фаластини ишғолӣ) хоҳад дошт.

Ин гузориш ба нақл аз "Лосанҷелес таймз", дидори Мурсиро бо муовини раиси ҷумҳурии Эрон нишонгари даврони ҷадиде аз дипломосӣ дар Миср дониста ва ин дидорро муҳимтарин тамоси мақомоти сатҳи олии ду кишвари стратегии Ховари Миёна тарсим кардааст. Ин дидор дар миёни фишори байналмиллалӣ бар Эрон дар хусуси масъалаи ҳастаӣ, фурсате барои Эрон дар ин гузориш талаққӣ шудааст.
Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳури Миср хоҳад буд, ки аз Эрон пас аз инқилоби Исломӣ дидор мекунад. Албатта то замоне, ки худи раиси ҷумҳури Миср ин дидорро тайид накунад, наметавон дар хусуи таҳаққуқи ин сафар ибрози итминон кард.
Рӯзномаи Мисрии "Ал-аҳром" навиштааст, ки замонбандии аввалияи иҷлоси сарони ҷунбиши "Адами тааҳҳуд" дар Эрон дарбаргирандаи интиқоли раёсати ин ҷунбиш аз миср ба Эрон бо дидори Мурсӣ ва Аҳмадинажод дар ҳошияи иҷлос аст.
Миср ҳанӯз ба таври комил робитаи худ бо Эронро беҳбуд бахшида ва ё робитаи худро комилан бо Исроил қатъ накардааст аммо иттифоқоти ахир нишон дод, ки дар ин росто дар ҳаракат аст.
"Трампат" таъкид кардааст, ки эътилофи Эрону Миср барои Исроил ваҳшатнок хоҳад буд ва душманони Исроилро дар марзҳои ҷанубии Фаластини ишғолӣ мустақар хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!