Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Рамазон ба Тоҷикистон доллар меорад

16 август 2012, 09:53

Дар моҳи мубораки Рамазон ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Давоми моҳи ҷорӣ ба бахши «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза 40-50 ҳазор доллари амрикоӣ ва беш аз 3 миллион рубли русӣ ворид гардидан дорад. Дар ин бора ба Озодагон Сайфиддин Қадамов, сардори бахши мазкур хабар дод. Ба гуфтаи ҷаноби Қадамов, тайи рӯзҳои ахири моҳи июл воридоти маблағ боз ҳам зиёдтар гаштаааст. Ҳамаи ин ба хотири моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитр мебошад, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия барои наздиконашон пул мефиристанд.
Ба иқрори номбурда, танҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои хориҷӣ бахши «Агроинвестбонк» дар  як рӯз аз ҳисоби воридоти рубли русӣ зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ ва тақрибан ҳамин миқдори дигар тавассути воридоти доллари амрикоӣ даромади соф мегирад. Ба гуфтаи Сайфиддин Қадамов, тақрибан нисфи даромадҳои бонкӣ барои рӯпӯш намудани дигар хароҷотҳо, ки барои бонк зарароваранд, масраф мешавад.






















Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!