Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

Ироқ: Боз 8 нафар қурбони нооромиҳо шуд

16 август 2012, 10:32

Имрӯз бар асари сил-силаи ҳамалоти мусалаҳона дар Ироқ 8 нафар кушта ва 50 каси дигар захмӣ шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо дар постгоҳи шаҳри Ал-Ғарм дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиён 4 корманди пулис ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Чанд лаҳза баъдтар дар ҳамин минтақа як мин мунфаҷир ва се нафарро захмӣ кардааст.
Дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ давоми 45 дақиқа 4 мошини бомбгузоришуда таркидааст. Дар натиҷа як нафар кушта ва 20 кас маҷрӯҳ шудаанд.
Шаҳри Бағдод ва Дибису Туз-Хурмат низ шоҳиди инфиҷорҳо будаанд. Бино ба хабарҳо 3 нафар бар асари ин таркишҳо қурбон шуда, 24 ани дигар ҷароҳат бардоштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!