Дар шимоли кишвар маҳдудияти барқ бинобар корҳои таъмир дар хатти баландшиддат ҷорӣ карда мешавад
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, санаҳои 22 ва 23-уми августи соли 2012 дар хатти баландшиддати интиқолии 500 кв шимолу ҷануб аз соати 8-00 то 17-00 корҳои таъмир сурат мегиранд, бинобар ин дар вилоят таъмини барқ маҳдуд мегардад.
-Зимнан, аз ҳамаи шаҳрвандони вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз воситаҳои эҳтиётӣ ва алтернативӣ истифода баранд,-гуфта мешавад дар хабари расмӣ
Мӯҳр