Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Бар асари садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ҳалок шуданд

21 август 2012, 10:53

Дар ин бора ба Озодагон аз Раёсати БДА-и ВКД иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ,рӯзи 19-уми август тахминан соати 08:20 ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Нексия» Зокир Сайфуллоеви 38- сола, аснои ҳаракат дар кӯчаи Котовский назди бинои 17, пиёдагардони хурдсол Искандар Ҳакназарови 10- сола, Алиҷон Ҳақназарови 7- сола ва Садриддини Муҳаммади 11- сола, сокинони кӯчаи Пайрав Сулаймониро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагардони ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол меёбанд. Дар касалхона Алиҷон Ҳақназаров ва Садриддини Муҳаммад ба шаҳодат мерасанд.
Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз сабукрави «Леганзе» таҳти идораи  Нурулло Азизови 24- сола (сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Сомониён ба тарафи шаҳри Душанбе дар ҳудуди кӯчаи Ҷавонон  қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, пиёдагарди ноболиғ Маҳмуд Нарзуллоеви 8- соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 20-уми август дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки боиси марги як нафар гардидааст. Субҳи он рӯз, ронандаи воситаи нақлиёти «Опел калибра» Орифҷон Холови 37- сола аснои ҳаракат ба роҳи мошингарди Панҷ-Қумсангир аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ,пиёдагарди ноболиғ- Сарвиноз Саидназароваи 4- соларо пахш мекунад ва ин духтарак низ ба ҳалокат расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!