Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

2 фоизи партовгоҳҳои Тоҷикистон безараргардонӣ доранду бас

21 август 2012, 11:23

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар Тоҷикистон мегӯяд, аз 65 адад партовгоҳҳои сахти маишии мавҷуда танҳо дар се адад, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ёвон безараргардонии пурраи партовҳо пурра ба роҳ монда шудаст.

Масъулини ин ниҳод иттилоъ медиҳанд, ки баҳри ободонии партовгоҳҳо ва ташкили коркарди партовҳои сахти маишӣ лоиҳаҳои инвеститсиониро таҳия намуда, барои маблағгузорӣ ба ташкилотҳои хориҷӣ пешниҳод намудаанд. Маблағгузории қисме аз лоиҳаҳоро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ӯҳда гирифта кор дар ин самт идома дорад.
Дар ҳамин ҳол онҳо шикоят доранд, ки мақомоти маҳаллии ноҳияҳо қарори ҳукуматро оиди ҷудо намудани замин барои ташкили партовгоҳҳо сарфи назар карда истодаанд.
Ба иттилои КВД дар вилояти Хатлон аз 22 адад корхонаҳои коммуналӣ фақат 18-тояшон партовгоҳҳои худро доранду халос.
Ба гуфтаи манбаъ, қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2010 оиди ҷудо намудани замин барои партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Шаҳритус ва Носири Хусрав, танҳо дар ноҳияи Бохтар иҷро шудасту бас.
Аз 17 адад корхонаҳои комуналии вилояти Суғд 11 адад ҳуҷҷатҳояшонро мувофиқан тартиб дода, 6 адад сертификати истифодабарии замин надоранд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 7 адад корхонаи коммуналӣ 3 адад дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт ва Тоҷикобод ҳуҷҷатҳоро ба мақомот барои гирифтани сертификат ва хулосаи экологӣ пешнињод намудаанд, ки онҳо дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!