Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Убайдуллоев бо нахустин Епископи душанбегӣ мулоқот кард

23 август 2012, 03:42

Дирӯз, 22-юми август Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Епископ Питерин, сардори калисои православиянҳои рус ва Епископи душанбегӣ ва умумитоҷикистонӣ, ҳамчунин Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон ва Митрополит Викентий, сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро ба ҳузур пазируфт.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт ба Озодагон гуфт, ки аснои мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев Епископ Питеринро, ки бинобар бори нахуст дар ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии рус таъсис ёфтани вазифаи Епископи душанбегӣ ва умумитоҷикистонии калисои православиянҳои рус ба ин симмат  таъин гардидааст, шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа ҷиҳати таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар шаҳри Душанбе иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд.  
«Митрополит Викентий ва Епископ Питерин аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯҳбати анҷом гирифта бо раиси шаҳри Душанбе изҳори сипосмандӣ намуда, афзуданд, ки ҷониби онҳо тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти  ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон сафарбар хоҳанд кард»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!