Дар қисмати ҷанубу шарқи Кения бар асари низои қавмӣ дасти кам 52 нафар ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои расида, миёни фавтидагон 31 зан ва 11 тифл будааст. Пулиси Кения гуфтааст, бархӯрдҳо миёни қабилаҳои орм ва поком ба вуқӯъ пайвастааст.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх теъдоди кушташудагонро 59 нафар мегӯяд.
Гуфта мешавад, бо эҳтимоли зиёд низоъ бар сари чаррогоҳе сар задааст, ки ҳар ду қабила иддао доранд ба онҳо мансуб аст.
Соли 2013 дар Кения интихобот баргузор мешавад. Баъди интихоботи соли 2007, ки эътирозу норозиҳоро миёни гурӯҳҳои мухталиф ба дунбол дошт, беш аз 1200 нафар қурбони хушунатҳо шуда, 600 ҳазор каси дигар маҷбур манзилҳои худро тарк намуд.
Мӯҳр