Се бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012, миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид.
Дирӯз, (22-юми август) тими «Хайр»-и Ваҳдат бо дастаи «Энергетик»-и Душанбе (варзишгоҳи «Хайр») рақобат намуда, бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд.
Ёдовар мешавем, имрӯз, 23-юми август тими «Гвардия»-и Душанбе бо «Зарафшон»-и Панҷакент дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворди рақобат мешавад. Оғози бозӣ соати 17:00.
Мӯҳр