Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:53

Ҳар рӯз Тоҷикистонро 105 сокини он тарк менамояд

25 август 2012, 04:55

Шумораи нафаронеро, ки бо иваз намудани ҷои истиқомат аз Тоҷикистон кӯчида рафтаанд, масъулини Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 19 ҳазору 66 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ин ба ҳисоби миёна ҳар рӯзе 105 нафар рост меояд.Дар ҳамин баробар шумораи нафароне, ки кӯчида ба Тоҷикистон омадаанд, дар як рӯз 89 нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, ба Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-июн 16 ҳазору 90 нафар кӯчида омадаанд. Масъулини Агентӣ мегӯянд, аз ҳисоби муҳоҷират танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аҳолии ҷумҳурӣ 3 ҳазор нафар кам шудаст. Шумораи муҳоҷироне, ки соли гузашта Тоҷикистонро бо иваз намудани ҷои истиқомат тарк кардаанд, масъулини омор 39 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд, ки нисбати соли пешӣ 5 фоиз бештар аст.
Дар баробари кӯчиш тай соли 2011-ум 32 ҳазору 619 нафар аз ба Тоҷикистон кӯчида омадаанд. Таҳлилгарони Агентии омор мегӯянд соли гузашта аз ҳисоби муҳоҷират шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон 6 ҳазору 249 нафар коҳиш ёфтаст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!