Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Боздошти қочоқчӣ дар Душанбе. Бо ҳероин

28 август 2012, 05:34

Дар ҳудуди пойтахт як соҳибкор бо 102 ғилофаки маводи сахттаъсири ҳероин дастгир шуд.

Тавре ба Озодагон аз Агентии назорат аз болои маводи нашъадор иттилоъ доданд,  ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2012» ва дар натиҷаи амалӣ кардани умури ҷустуҷӯӣ-оперативӣ сокини 36-солаи ноҳияи Тоҷикобод, ки муваққатан дар хонаи иҷора дар Душанбе мезист, боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз утоқи хоби ӯ 102 ғилофакҳои ҳероиндор дарёфт шуд.  
Манбаъ афзуд, мутобиқи хулосаи озмоишгоҳи судии АНМН маводи мусодирашуда   ҳероин  буда, вазни он қариб 1 килоро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, нашъаҷаллоб  мақсад дошт, ки  ин миқдор маводи мухаддири сахттаъсирро дар ҳудуди шаҳри Душанбе фурӯшад.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии раёсати агентӣ бо моддаи 200, қисми 3   (нигоҳ доштан ва фурӯхтани ғайриқонунии воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!