Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

«Тсеll» соҳиби бинои нав шуд. Дар маркази Душанбе

28 август 2012, 07:32

«Тоҷсохтмон-байналмилал» дар ҳаҷми 12 миллион доллари амрикоӣ сохтмони бинои ширкати мобилии «Tcell»-ро дар  пойтахт ба анҷом расонид.

Ин бино имрӯз дар пойтахти кишвар мавриди истифода қарор гирифт. Зайд Саидов, сарвари ширкати «Тоҷсохтмон-байналмилал» дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, ин бино давоми беш аз 2 сол мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ бунёд гардид «Биноро дар асоси супориши масъулини ширкати «Tcell» сохтем. Лоиҳаи бинои мазкурро мо бо институти лоиҳакашии шаҳри Душанбе тартиб додем ва худи фармоишгар маъқул донист».
Маврид ба тазаккур аст, ки ин иншоот аз 12 ошиёна иборат буда, дорои шароити хуби корӣ ва  бо таҷҳизоту технологияи муосир таъмин аст. Мансур Ҳамидов, директори генералии «Tcell» дар  маросим кушодашавии бинои мазкур иброз дошт, ки онҳо хурсанданд, ки чунин биноҳо дар Тоҷикистон сохта мешаванд. Номбурда илова намуд, ки чунин биноҳо барои пешрафти бахши телекоммуникатсия дар Тоҷикистон муфид мебошад: «Бо ин қаноат накарда, оянда ҳам барои рушди инфрасохтори коммуникатсия иқдом хоҳем кард».
Ҳамчунин, Зайд Саидов мегӯяд, ки феълан ширкати онҳо аз рӯи якчанд лоиҳаҳои сохтмонӣ, сохтмони биноҳои маскунӣ ва барои ширкати «Қатар-Диёр» кор карда истодаанд, ки ба наздики сохмони онҳоро низ ба анҷом хоҳанд расонид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!