Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:36

Президенти «Телиасонера»: Фазои сармоягузории Тоҷикистон миёна аст

29 август 2012, 08:35

Ларс Нюрберг, президенти холдинги «Телиасонера», саҳҳоми асосии ширкати Tcell фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар муқоиса бо дигар мамалакатҳое, ки холдинг дар онҳо сармоягузорию фаъоляият мекунад, «миёна» баҳогузорӣ кард.

Холдинги «Телиасонера» дар кишварҳои Скандинавия, назди Балтика, Испания ва   АвруОсиё аз ҷумла Русия ва Туркия ба хизматрасониҳои телекомуникатсионӣ машғул аст. Ин ширкат дар бозорҳои рӯй ба рушд, қисмати асосии саҳмияҳои операторони пешсафи мобилиро, аз ҷумла дар Қазоқистон (Kcell ), дар Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва дар Непал (Ncell)-ро соҳиб аст. Баробари инҳо холдинг аз саҳҳомони Мегафон дар Русия ва Turkcell дар Туркия маҳсуб меёбад.
Ларс Нюрберг, президенти «Телиасонера», ки дар Тоҷикистон қарор дорад, зимни сӯҳбат дар мавриди фазои сармоягузории кишвар афзуд: «Фаъолият дар бозори коммункатсияи баъзе кишварҳо осон аст ва дар қисмате мушкил. Тоҷикистон аз рӯи осонии фаъолият ва мусоидии фазои сармоягузорӣ миёни кишварҳои ҷаҳоне, ки мо дар он ҷо таҷриба дорем, дар як сатҳи миёна қарор дорад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!