Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

30 ҳазор сомонии Геннадий Ратушенкоро гирифта бозпас надоданд

29 август 2012, 12:40

Аслан Султонов, як тоҷир аз Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии аккоси машҳур даромада, барои тиҷорат аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, Генадий Ратушенко аз болои Аслан Султонов ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ариза навишта, дар ин бора шикоят кардааст.Дар ҳамин ҳол, аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Аслан Султонов ҳамчун гумонбар ба қаллобӣ дастгир  гардида, аъмоли ӯ тафтиш мешавад.    
Манбаъ афзуд, чанде пештар Аслан Султонов худро тоҷир муаррифӣ карда, барои дастрас кардани дастрас намудани дастгоҳи чопи сурат дар шиша ва оҳан аз Ратушенко 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале  то ин замон на таҷҳизот овардааст ва на пулро баргардонидааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!