Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои «Ҳаракати адами тааҳуд» ширкат дорад

30 август 2012, 05:58

Шоми дирӯз (29-уми август), ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи шонздаҳуми сарони давлатҳои узви «Ҳаракати адами тааҳҳуд» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро райиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Нахуствазири кишвар Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфтанист, дар ин сафар президентро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!