Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:20

Гул Шералӣ ва Хазинаи Оғохон сохтмони нерӯгоҳи Санободро баррасӣ карданд

30 август 2012, 08:40

Лютаф Қасам, сардори Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ имрӯз зимни вохӯрӣ бо Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Санободро дар ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон ва нерӯгоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа баррасӣ карданд.

Моҳе пеш вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон таъкид намуд, ки айни ҳол талаботи гузоштаи Хазина дар мавриди Санобод номақбул аст.
Гул Шералӣ мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон хостори тавассути «биотӣ» сохтани ин нерӯгоҳ аст: «Баъди пурра сохтани нерӯгоҳ ва истифодааш давоми як муддати муайян, он бояд ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад. Айни ҳол талаботи гузоштаи Хазинаи Оғохон бисёр вазнин аст».
Гул Шералӣ мушаххас накард, ки Хазинаи Оғохон кадом талаботро пеш гузоштаст, аммо таъкид намуд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ба Хазина иҷозат додаанд.
Вазири энергетика мегӯяд, дар Бадахшон идораи истифодаи барқ дуруст ба роҳ монда шудааст ва бунёди нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегаватт имкони содиротии барқро аз вилоят ба маротиб зиёд мекунад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Санобод дар ҳудуди деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон бо иқтидори 100 – 150 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.
Баробари нерӯгоҳҳои зикршуда зимни вохӯрии Лутаф Қасам ва  Гул Шералӣ сохтмони нерӯгоҳи дигар дар вилояти Хатлон баррасӣ шудаст. Инчунин ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои дузандагӣ, коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли қолинҳои дастӣ дар Хатлону Бадахшон муҳокима шудаанд. Лутаф Қасам барои рушди ҳамкории хазинаи Оғохон ва Тоҷикистон тамоми заминаҳоро муҳайё гуфтаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!