Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:11

Истеҳсоли 928 кило тилло дар шаш моҳ. 7 килограмм аз як соли пеш зиёдтар

31 август 2012, 04:20

Имрӯз нархи як унсий тилло, ки муодили 31 грамм аст, дар бозори ҷаҳонӣ боло рафта ба 1 ҳазору 665 доллари амрикоӣ баробар шудаст.

Бо вуҷуд, ин нарх нисбати нишондоди як сол пеш ҳудуди 250 доллари амрикоӣ арзонтар аст. Афзоиши нархи тилло, ки тавлидоташ солҳои охир дар кишвар рӯй ба афзоиш ниҳодаст ба фоидаи иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, зеро аз ҳисоби содироти тилло ва дигар металҳои қимматбаҳо воридоти асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар бештар мегардад.

Айни ҳол тибқи иттилои оморӣ содироти металҳои қимматбаҳо аз кишвар тайи 7 моҳи соли ҷорӣ қариб 30 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми он 46 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Истеҳсоли тилло дар 6 моҳи аввал дар Тоҷикистон 928 килограммро ташкил додаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 киллограмм зиёд мебошад. Масъулини саноати Тоҷикистон мегӯянд аз тиллои истеҳсолшуда ҳудуди 60 фоиз дар дохил ва боқимонда ба хориҷ содир мегардад. Дар Тоҷикистон харидорони асосии тилло ҳамоно Бонки миллӣ ва вазорати молияи кишвар арзёбӣ мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!