Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Корхонаи металургии Ҳисор сокинони Душанберо аз заҳролудшавӣ халос мекунад

3 сентябр 2012, 06:10

Баъди ба истифода додани корхонаи металургии Ҳисор, талабот ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли арматураи шаҳри Душанбе кам мешавад. Айни ҳол дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 13 корхонаи металгудозӣ бо вайрон намудани тамоми меъёрҳои экологӣ кор мекунанд.

Масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, марҳилаи аввали корхонаи Ҳисор аллакай то охири соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Дар доираи марҳилаи аввал ба корандозии сехи истеҳсоли арматура дар назар аст, ки қариб 80 фоизи корҳо дар он аллакай ба охир расидаанд. Дар марҳилаи аввал иқтидори корхона 200 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол арзёбӣ мешавад, ки баъдан то 400 ҳазор тонна баланд бардошта мешавад.
Ба иттилои масъулини саноати Тоҷикистон дар корхона, ки арзиши 21 миллион доллари амрикоӣ бунёд мегардад, муосиртарин таҷҳизот насб хоҳад шуд.
Феълан, ба истеҳсоли арматура дар Тоҷикистон асосан корхонаҳои хурди оҳангудозӣ дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд. Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯянд, мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст. Ба иддаои экологҳо ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!