Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон аз талабот садҳо маротиба камтар аст

3 сентябр 2012, 06:34

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тайи 7 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 215 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст, ки дар қиёс бо талаботи кишвар садҳо маротиба камтар арзёбӣ мешавад.

Талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба моҳӣ, тибқи меъёрҳои физиологӣ 23 кг сари як нафар муайян шудааст ва мувофиқан ба 172 ҳазор тонна баробар мебошад.
Зимнан, КВД «Моҳии Тоҷикистон» қонеъ намудани талаботи аҳолии Тоҷикистон бо моҳиро мақсади асосии фаъолияти худ меномад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, тибқи барномаи «Рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009 - 2015», ки тобистони соли 2008-ум аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, истеҳсоли моҳӣ бояд то соли 2015 ба 2,5 ҳазор тонна расонда шавад.
Коршиноси моҳипарварӣ монеаҳои рушди соҳаро дар Тоҷикистон, набудани хӯрокаи моҳии истеҳсоли дохилӣ ва таҷҳизоти зарурӣ меномад. Масъулини бахш мегӯянд, қарори ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани замини обӣ барои кишти хӯрокаи моҳӣ ба таври зарурӣ иҷро нагардидааст ва масоҳати лозимаи замин ҷудо нашудаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!